Қирғизистон аз 15 июн парвозҳои байналмилалиро аз сар мегирад

Фурудгоҳи байнулмилалии Манас. Моҳи марти 2020

Сардори Оҷонси авиатсияи граждании Қирғизистон Қурмонбек Акишев гуфт, тасмим доранд, аз 15-уми июн парвозҳои байналмилалиро аз сар бигиранд.

"Дар ҳоли ҳозир нақшаи амал таҳия мешавад. Ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ тибқи имконияти худ, сана ва миқдори парвози ҳавопаймоҳояшро пешниҳод мекунад", - изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи Акишев, дар ҳоли ҳозир онҳо нақша доранд, ки ҳафтае 16-17 парвоз аз хориҷ ба Қирғизистон ва баръакс анҷом дода шавад.

Пештар мақомоти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки аз 5 июни соли равон парвозҳои дохилӣ аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад.

Дар Қирғизистон парвози ҳавопаймоҳо дар миёнаҳои моҳи марти соли равон, баъди ошкор шудани коронавирус қатъ шуд. Аз 22 март дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом ва дар шаҳрҳои бузургтарин аз 25 март вазъи изтирории шадид ҷорӣ гашт.