Бритониё омодааст, то 3 миллион сокини Ҳонгконгро бипазирад

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ба нашрияи Times гуфтааст, агар Чин фишорҳо ба Ҳонгконгро идома бидиҳад, омодаанд, то се миллион сокини ин шаҳрро бипазиранд. Ҳонгконгиҳо имкони дарёфти шаҳрвандии шоҳигариро низ пайдо хоҳанд кард. Ҳонгконг то соли 1997 аз сӯи Бритониё идора шуда, сипас ба шарти ҳифз шудани қоидаҳои махсуси маъмурӣ ба ихтиёри Чин гузашт.

Дар ин шаҳр аз баҳори соли 2019 то замони сирояти коронавирус эътирозҳо зидди лоиҳаи қонуне идома дошт, ки таслим кардани гумонбарон ба Чинро пешбинӣ мекард. Дар натиҷаи эътирозҳо лоиҳаи қонун бозхонд ва мухолифон дар интихобот комёб шуданд.

Чин баъд аз ин ба таҳияи лоиҳаи қонуне дар бораи амният пардохт. Ин қонун барои ҳама гуна фаъолияте, ки ба гуфтаи мақомоти Чин, фармонравоии онҳо ва худмухтории Ҳонгконгро ба ҳам мезанад ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ ва салоҳияти хадамоти махсуси ин кишварро то ба минтақаи худмухтор васеъ хоҳад кард.

Мухолифони Ҳонгконг ва бештари кишварҳо бар инанд, ки қонуни мазкур худмухтории шаҳрро халалдор мекунад. ИМА гуфт, қоидаи махсуси тиҷорӣ ва ҳамкориеро, ки барои Ҳонгконг муайян шудаанд, бекор мекунад. Чин вокуниши ҷомеаи ҷаҳониро дахолат ба умури дохилии худ меномад.