Узбекистон низоъ дар марз бо Қирғизистонро "рӯйдоди дорои аҳамияти маҳаллӣ" гуфт

Муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Узбекистон. 31 май, 2020.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон низои марзии рӯзи 31 майро бо Қирғизистон "рӯйдоди дорои аҳамияти маҳаллӣ" унвон кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон дар саҳифа "Фейсбук" навишт.

"Омӯзиши сабабҳои рӯйдод аз сӯи мақомоти расмии ду кишвар нишон дод, ки дар натиҷаи баҳсҳо атрофи поккории ҷӯйҳои оби "Чашма" байни ду сокини Узбекистону Қирғизистон низоъ бархостааст", - менависад Вазорати корҳо хориҷии Ӯзбекистон.

Ин вазорат захм бардоштани сокинони ду кишварро эътироф кардааст. Ба гуфтаи вазорат, ба маҷруҳон кӯмаки тиббӣ расонида шудааст.

Ҷонибҳои расмӣ ба созиш расидаанд, ки дар оянда бидуни гуфтугӯи қаблӣ ба поккории ҷӯйҳо иҷозат надиҳанд.

Оби чашмаи маъруф ба "Чашм" сокинони Узбекистону Қирғизистонро бо оби ошомиданиву полезӣ таъмин мекунад.

Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон ҳаммарз аст, 31 май миёни сокинони ду кишвар низоъ сар зад. Ҷонибҳо ба самти якдигар санг ҳаво дода, чанд хона низ аз ҳар ду ҷониб сӯхт. Дар бораи захмиён низ хабар дода мешавад.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Ботканд хабар дод, ки муноқиша соати 12:30 байни сокинони деҳаи қирғизии Чечме ва сокинони маҳаллаи Чашмаи Сӯх бархостааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷоли лафзӣ дар бораи онки чашма ба кӣ тааллуқ дорад, ба муноқишаву сангандозӣ ва хушунат печидааст.