Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 3900 нафар гузашт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 123 каси дигар ба COVID-19 гирифтор шудаанд ва то рӯзи 31-уми май теъдоди умумии беморон ба 3930 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, 2004 кас шифо ёфтааст ва теъдоди фавтидагон тағйир наёфтааст ва ба 47 нафар мерасад.

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он гӯшаи кишвар гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки он фард бар асари бемории илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" вафот кардааст. Бар асоси феҳрасти ғайрирасмӣ дар Интернет шумори ҷонбохтагон аз коронавирус ва "илтиҳоби шуш" бештар аз 300 нафарро ташкил медиҳад. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар баёнияи расмӣ дар вебсайташ ҳамчунин навиштааст, “то имрӯз, 31 майи соли равон дар мамлакат 1886 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 377 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.” Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, рӯзи 12-уми май гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ аз CОVID-19 ва табобати беморон меандешад. Коронавируси нав, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун ба беш аз 5 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят карда, беш аз 300 ҳазор касро куштааст.