Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки рӯзи 29 май дар як нишасти хабарӣ дар робита бо Чин ва қабули қонун оид ба амнияти миллӣ дар Ҳонгконг як эълон хоҳад кард. Трамп ваъда дод, ки дар робита бо қабул шудани қонун рӯзи 28 май як вокуниши тунд хоҳад кард, вале шарҳи бештар надод. Нигарониҳо вуҷуд дорад, ки Чин аз роҳи ин қонун озодии минтақаи Ҳонгконг ва мақоми нимамухтори онро барҳам мезанад. Трамп ҳақ дорад, ки ба имтиёзҳои Ҳонгконг нуқта гузорад, вале ҳоло маълум нест, ки оё ҳамин тавр хоҳад кард ё на. Эҳтимол меравад, Трамп таҳримҳои ҳадафмандона, тарруфаҳои нав ва маҳдудиятҳои бештарро болои ширкатҳои чинӣ ҷорӣ кунад. Анҷумани миллии мардумӣ рӯзи 28 май тарҳи қонунро қабул кард. Қонунгузории нав хиёнат, сарнагуншавӣ, ошӯб ва мудохилаи хориҷиро манъ мекунад. Он инчунин ба Пекин имкон медиҳад, ки барои ҷилавгирӣ аз эътирозҳо дар Ҳонгконг посгоҳҳои оҷонсиҳои амниятии маҳаллӣ таъсис шаванд. Сарвазири Чин Ли Кесян дар ташреҳи қонун гуфт, ки қонунгузорӣ субот ва шукуфоии шаҳрро тақвият хоҳад дод ва ба принсипи конститутсионии Чин дар қиболи Ҳонгконг оид ба "як кишвар, ду система" мувофиқат мекунад.