Салиби Сурх: Беш аз 200 корманди тиб дар робита бо коронавирус мавриди таҳдид қарор гирифт

Табибе дар Инглистон

Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки аз моҳи март ба ин сӯ дар қаламрави 13 кишвар 208 ҳодисаи ҳамла ба кормандони тиб ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳодисаҳо ба бӯҳрони коронавирус рабт мегиранд. Питер Маурер рӯзи 27 май гуфт, дар ҳоле, ки ниёз ба ходимони тиб фавқулодда баланд аст, онҳо мавриди ҳамлаву озор қарор гирифтаанд. Ин ҳамлаҳо дар ҳолест, ки мақоми корманди тиб дар чашми бисёр сокинони сайёра ҳамчун “фариштаҳои сафедпӯш” ва рамзи наҷот аз бемории ҳамагир боло рафта, аксарият ба онҳо паёмҳои қадрдониву ситоиш мефиристанд. Маурер дар суханронии худ дар баробари Шӯрои амнияти СММ гуфт: “Бӯҳрони COVID-19 базудӣ метавонад ба бӯҳрони ҳифозатӣ табдил шавад”. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳодисаҳои озору ҳамла ба кормандони тиб дар Ховари Миёна, Осиёву Уқёнусия, Амрико ва Африқо мушоҳида шудааст, ки он ҷо Салиби сурх дафтари намояндагӣ дорад. Вале, ба гуфтаи ӯ, омори воқеӣ метавонад аз ин хеле бештар бошад.
Маурер гуфт, ки ҳодисаҳо аз таҳдидҳои лафзӣ сар карда то оташ задани муассисаҳои муолиҷакунандаи гирифторони COVID-19-ро дар бар мегиранд.