Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) муваққатан озмоиши ҳабҳои гидроксихлорохин ва хлорохинро, ҳамчун доруҳои табобаткунандаи гирифторони вируси корона, манъ кард. Дар ин бора роҳбари СҶТ Тедрос Гебрейесус хабар дод.
Вай гуфт, ин тасмим ба далели бехатарӣ рӯи даст гирифта шудааст. Чанде пеш маҷаллаи "Лансет" доир ба ин доруҳо пажуҳишеро нашр кард. Ба навиштаи маҷалла, доруҳои мазкур мумкин аст, хатари фавтро аз COVID-19 афзоиш диҳанд.
Олимон баъди таҳлили вазъи даҳҳо ҳазор гирифтори вируси корона дар қариб 700 беморхона дар саросари дунё ба хулоса омадаанд, ки гидроксихлорохин таъсири манфӣ ба бор меорад.
Дар ҳамин ҳол, СҶТ аз хатари мавҷи дувуми вируси корона ҳушдор медиҳад. Созмон аз кишварҳо даъват мекунад, ки дар бекор кардани чораҳои беҳдоштӣ ва маҳдудкунанда шитоб накунанд.