Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 25-уми май тағйирот ва иловаҳоро ба қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобот имзо кард. Тағйирот кам кардани шумори ҳатмии аъзоро барои сабти ҳизби сиёсӣ - аз 40 то 20 ҳазор - пешбинӣ мекунад.
Ба ҷуз ин, дар рӯйхати интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ барои занон ва ҷавонон квота ҷорӣ мешавад. Бино ба тағйироти қабулшуда, ҳамакнун на камтар аз 30 дарсади номзадҳои ҳизбҳоро бояд ҷавонон ва занон ташкил диҳанд.
Коршиносон ва фаъолони маданӣ ин тағйиротро зоҳирӣ унвон карданд. Ба гуфтаи онҳо, тағйироти мазкур моҳияти масъаларо иваз намекунад ва маҳдудиятҳои мавҷуда боқӣ хоҳанд монд. Аммо мақомот мегӯянд, тағйирот тартиби сабти номи ҳизбҳои сиёсиро осон ва барои ҷалби занону ҷавонон ба фаъолиятҳои сиёсӣ мусоидат мекунад. Ба бовари мунаққидон, ин тағйирот ҳамоно имкон намедиҳад, ки номзадҳои мустақил вориди порлумон шаванд.
Дар Қазоқистон расман 6 ҳизби сиёсӣ амал мекунад. Аз ин теъдод се ҳизб шомили порлумон аст.