Нозири давлатии беҳдоштии Узбекистон Нурмат Отабеков дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд сокинонро ҳушдор дод, ки агар қоидаҳои ҷориро риоя накунанд, ба иллати сахттар шудани маҳдудиятҳо дубора ба карантини хонагӣ гирифта хоҳанд шуд.
"Дар Узбекистон карантин идома дорад. Ягон кас онро бекор накардааст ва нафаре ҳам кафолат намедиҳад, ки дар атрофи мо мубталоёни коронавирус нестанд. Мутаассифона, вақтҳои охир гирифторони вирус дар миёни сокинон, яъне миёни онҳое ошкор мешавад, ки дар карантин нестанд. Бинобар ин, шумо бояд тамоми талабот дар доираи карантинро риоя кунед", - изҳор дошт Отабеков.
Ба гуфтаи ӯ, агар узбекистониҳо карантин ва маҳдудиятҳоро риоя накунанд, вазъ дар он кишвар вахимтар мешавад.
"Дар он ҳолат карантин сахттар шуда, ҳамаи шумо дубора дар хонаҳо хоҳед монд. Ҳушёр бошед", - таъкид кард вай.
Дар Узбекистон шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 3164 расид. 2565 кас шифо ёфта, 13 нафар фавтиданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз 44 ҳазор кас, аз ҷумла зиёда аз 18 ҳазор нафар дар маконҳои махсус дар карантинанд.