Раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфт, ҷараёни озод кардани ҷангҷӯёни зиндонии Толибонро сурат хоҳад бахшид. Ашраф Ғанӣ 24-уми май, пас аз адои намози ид дар масҷиди Арг, дар ин бора сухан гуфт.
Вай афзуд, “эълом мекунам, ки дар раҳоии зиндониёни Толибон ҳаракати сареъ хоҳад омад ва иқдомоти ҷиддӣ сурат хоҳад гирифт. Дар айни ҳол сари Толибон садо мекунем, ки нирӯҳои амниятиву дифоии моро, ки наздашон ҳастанд, ҳарчи зуд озод кунанд.”
Қаблан Шӯрои амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, ки раванди раҳоии зиндониёни Толибон муваққатан боздошта шудааст.
Шӯро гуфта буд, раванд ба ин хотир боздошта шуд, ки Толибон дар ивази раҳоии ҳазор зиндониашон 105 нерӯи амниятиро озод кардаанд, дар ҳоле ки 200 кас аз чанги ин гурӯҳ бояд раҳо мешуданд.
Раҳоии то 5 ҳазор зиндонии Толибон ва як ҳазор зиндониёни ҳукумати Афғонистон бахше аз мувофиқатномаи Амрико ва ҷунбиши Толибон аст. Ин созишнома рӯзи 29-уми феврали имсол дар Доҳа, пойтахти Қатар, имзо шуд.