Барномаи онлайни овозхонҳои тоҷик ба ҳимоят аз пизишкони тоҷик

Аслишо Акимбеков

Овозхонҳои тоҷик рӯзи 24-уми май консерти хайриявии онлайнро баргузор мекунанд. Дар ин барнома иштироки Ҷонибеки Мурод, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Зулайхо Маҳмадшоева, Дамирбек Олимов, Валиҷон Азизов, Зайнура Пӯлодова ва рэпсаро Мастер Исмайл дар назар аст.

Аз сарояндагони бурунмарзӣ Фарҳоди Дарё дар ин консерт ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ғижжакнавоз Ноҳид Зайналпур низ дар барнома ҳунарнамоӣ мекунад.

Консерт соати ҳашти шоми 24-уми май (ба вақти Душанбе) дар пойгоҳи интернетии clickstars.ru ва саҳифаи Радиои Озодӣ дар шабакаи иҷтимоии Youtube пахш мешавад.

Аслишо Акимбеков, муҷрӣ ва яке аз созмондиҳандагони консерт, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин консерт хурсандӣ дар миёнаи вабо нест, балки як иқдоми ҳамдардӣ ва рӯҳбаландкунанда барои табибон ва беморон аст”.

Ташкилоти хайриявии ғайридавлатии “Пешрафт”, яке аз ташаббускорон ва созмондиҳандаҳои консерти хайрия аст, ки то кунун дар замони буҳрони короновирус ба садҳо хонаводаи эҳтиёҷманд дар Тоҷикистон бастаҳои хӯрокворӣ тақдим кардааст.