Мунира Ҳакимова, наттоқи маъруфи телевизиони Тоҷикистон рӯзи 23-уми май дар синни 63-солагӣ даргузашт. Табибонаш гуфтаанд, ки ӯ гирифтори “илтиҳоби шуш” буд. Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мунира Ҳакимова аввали моҳи май бемор шуда, аввал дар хона ва сипас дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов муолиҷа мегирифт.
Қарор аст, ӯро имрӯз дафн кунанд. Мунира Ҳакимова солҳои тӯлонӣ дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон кор карда ва аз наттоқони маросиму ҷашнҳои давлатӣ буд. Ӯ модари чор фарзанд буд. Ҳамсараш Фаридун Ҳакимов, раиси Ҷамъияти чернобилчиени Тоҷикистон аст.