Дар Душанбе барои гирифторони COVID-19 бемористони сайёр сохтанд. ВИДЕО

Бемористони сайёр барои муолиҷаи гирифторони COVID-19

Дар шаҳри Душанбе бемористони сайёр барои муолиҷаи гирифторони COVID-19 ба қабули беморон оғоз кард. Дармонгоҳи муваққатӣ, ки дар 144 "контейнер"-е бунёд шудааст, ки Узбекистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дода буд. Бемористони сайёр дар варзишгоҳи "Бофанда" ҷойгир шудааст.

Ба иттилои шаҳрдори Душанбе, ҳайати пизишкони дармонгоҳро Раёсати тандурустии шаҳр муайян карда, онҳо лавозимоти зарурӣ барои муолиҷаи гирифтони COVID 19 таъмин шудаанд.

Кӯмак ба Тоҷикистон бо дастури Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон сурат гирифтааст. Ӯ рӯзи 7-уми май ба ҳукумати ин кишвар супориш дод, ки ба Тоҷикистон "контейнерҳо"-и мобилии тиббӣ ё дармонгоҳи сайёр фиристанд.

Мақомот гуфтанд, рӯзи 20-уми май дар Душанбе ҳамчунин ду беморхонаи дигари муваққатӣ барои муоилаи гирифторони коронавируси нав ташкил шудааст. Беморхонаҳои муваққатӣ дар бинои Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва "Манеж" ҷойгир шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар 30 дармонгоҳи пойтахт барои қабули 5 ҳазор бемории COVID-19 катҳо омода шудаанд. Шаҳрдори Душанбе ба Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр дастур дода буд, ки ба таври иловагӣ чанд беморхонаҳои муваққатӣ барои зиёда аз 3 ҳазор гирифтори COVID-19 омода кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Душанбе ҳадяи Узбекистон-шифохонаи сайёр фаъол шуд

Шумори умумии гирифоршудагон ба коронавируси нав дар Тоҷикистон ҳоло аз ду ҳазор нафар бештар аст. Мақомот мегӯянд, аз замони пайдоиши беморӣ дар кишвар 41 нафар фавтида, 470 нафар аз он шифо ёфтанд. Ҳарчанд бархеҳо ба омори расмии мақомот шубҳа карда мегӯянд, арқоми ҳақиқӣ метавонад аз ин бештар бошад.