UNAMA ҷонибҳои даргир дар Афғонистонро ба хатми билофосилаи хушунатҳо даъват кард

Он чи ки аз зоишгоҳе дар Кобул боқӣ монд. Дар ҳамлаи мусаллаҳона ба ин муассисаи тиббӣ 24 нафар, аз ҷумла ду тифли навзод кушта шуданд

СММ рӯзи 19 май ба коҳиши билофосилаи хушунатҳо дар Афғонистон даъват ва ҳушдор дод, ки қурбонӣ аз ҳисоби мулкиҳо то рафт бештар мешавад. Даъвати Ҳайати ёрии СММ дар Афғонистон
(UNAMA) ба Толибон ва ҳукумати Афғонистон дар ҳоле садо дод, ки фиристодаи ИМА дар Афғонистон бо Толибон ва ҳукумати Кобул даври нави муколамаро шурӯъ мекунад.
Хушунатҳо дар Афғонистон, аз ҷумла аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” афзоиш ёфтааст. Ҳафтаи гузашта дар як ҳамлаи маргбор ба зоишгоҳи Кобул 24 нафар, аз ҷумла ду тифли навзоду чанд модар кушта шуданд. Толибон даст доштани худ дар ин ҳамларо рад карданд ва ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳе ба дӯш нагирифт. Вале Вашингтон гуфт, ки ин кори дасти гурӯҳи марбут ба “Давлати исломӣ” аст, ки аққалиятҳои шиаро ҳадаф қарор додааст.

Даъвати UNAMA дар рӯзе садо дод, ки фиристодаи ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод ба мулоқот бо рақибони оштикардаи сиёсии Афғонистон дар Кобул омода мешавад. Мулоқоти аввалаш бо Толибон дар Давҳа ва баъдиаш дар Кобул бо мақомоти ҳукумати Афғонистон баргузор хоҳад шуд. Ҳадафи ин музокирот суръат бахшидан ба муколамаи сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон мебошад.