Дар Покистон ҳашт ниманизомӣ кушта шуд

15 октябри соли 2019, Балуҷистон. Дар ҳамлае як полис куштаву чор тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаҳои ҷудогона дар вилояти ҷанубуғарбии Балуҷистони Покистон ҳафт узви гурӯҳҳои ниманизомӣ кушта шуданд. Сарбози ҳаштум дар паи таркиши бомбаи сарироҳӣ дар шимолуғарби кишвар ҷон дод. Замоне, ки ниманизомиён савори мошин дар минтақаи Бӯлони Балуҷистон бо гаштугузори шабона машғул буданд, мошин ба бомбаи сарироҳӣ бархӯрд ва дар натиҷа, шаш узви гурӯҳи низомӣ кушта ва чор нафарашон маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса рӯзи 17 май дар 80-километрии ҷанубушарқи Кветта – шаҳри марказии вилоят рух дод. Масъулияти ҳодисаро гурӯҳи ҷудоиталаби Артиши муттаҳидаи Балуҷ ба дӯш гирифт. Сухангӯи ин гурӯҳ Мурид Балуҷ дар изҳороте иддао кард, ки гурӯҳ сарбозонеро ҳадаф қарор додааст, ки дар ҳимояти муҳандисони муассисаи нафту гази минтақа сафарбар шудаанд. Сарбози дигар дар як тирандозии ҷудогона дар минтақаи Манд кушта шуд. Ба иттилои полис, худи ҳамон рӯз дар як таркиши бомбаи сарироҳӣ дар Вазиристони Шимолӣ дасти кам як сарбоз кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд. Дар чанд моҳи ахир ҳамлаҳо ба низомиён дар минтақаи шӯришии Балуҷистон, ки бо Афғонистон ва Эрон ҳаммарз аст, афзоиш ёфтааст.