Қарор аст Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА барои Афғонистон бо намояндагони Толибон ва мақомоти Афғонистон барои суръат бахшидан ба музокироти сулҳ бар пояи созиши 29 феврал имзошуда гуфтугӯ анҷом диҳад. Дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА рӯзи 18 май гуфта шуд, ки мулоқоти Халилзод бо Толибон дар Давҳа баргузор ва дар ҷараёни он иҷрои созиши сулҳ “ва таъкид ба иқдомҳои зарурӣ дар амри роҳандозии музокираҳои байни афғонҳо, аз ҷумла коҳиши ҷиддии хушунатҳо” муҳокима мешавад. Мулоқоти Халилзод бо Толибон дар ҳоле барпо хоҳад шуд, ки шумори ҳамлаҳои Толибон дар ин охирҳо, ба шумули ҳамлаи рӯзи 18 май ба як пойгоҳи амниятӣ ва марги 9 нафар, афзоиш ёфтааст. Дар мулоқот бо мақомоти Кобул шурӯи ҳарчи зудтари музокирот бо Толибон тақозо мешавад. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 17 май президент Ашраф Ғанӣ ва рақиби сиёсии ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ созиши тақсими қудратро имзо карданд ва Абдуллоҳ масъули музокироти ҳукумат бо Толибон хоҳад буд. Мубориза барои қудрат як монеаи аслии таъхир дар шурӯи музокирот бо Толибон баъди 18 соли ҷанг дар Афғонистон буд.