Трамп гуфт, маводи дорувори зиддималярияро истеъмол мекунад

18 май, Кохи Сафед

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ба хотири коҳиши нишонаҳои коронавирус маводи дорувори зидди малярияро истеъмол мекунад, ҳарчанд ҳанӯз далели амну бехатар ва муассир будани ин мавод дар даст нест. Трамп рӯзи 18 май гуфт, ки давоми якуним ҳафтаи гузашта гидроксихлорохин ва рӯҳ истеъмол кард ва эҳсос накард, ки ин мавод кадом таъсири манфӣ бар ҷой гузошт. Ӯ гуфт, “ҳоло ҳаминро гуфта метавонам, ки ман хубам”. Трамп гуфт, ки дар чанд рӯз як бор аз санҷиши коронавирус мегузарад. Санҷиши саломатии президенти ИМА баъди он шурӯъ шуд, ки як хидматгори хусусии президент ба коронавирус олуда шуда инчунин сухангӯи муовини президент Майк Пенс ба ин беморӣ олуда шудааст. Шон Конли, табиби президент гуфт, ки баъди паҳн шудани хабарҳо дар бораи олудашавии мақомоти Кохи Сафед ба коронавирус бо Доналд Трамп дар бораи истеъмоли гидроксихлорохин сӯҳбатҳои зиёде кард. Конли гуфт, натиҷаи сӯҳбатҳо ин шуд, ки “бартарии муолиҷа назар ба хатарҳо бештар аст”. Ӯ гуфт, ки ҳама тестҳои санҷишии Трамп манфӣ баромад ва саломатии президент хуб аст.
Ин дар ҳолест, ки ду таҳқиқоти азим бо ширкати 1400 бемор дар Ню-Йорк ба чунин натиҷа омад, ки аз истеъмоли гидроксихлорохин фоида нест. Айни замон ширкати биотехнологии Moderna гуфтааст, ки дар пайдо кардани воксинаи зидди коронавирус ба муаффақият наздик мешавад.