Ҳудуди 60 маҳбуси афғон баъди озод шудан аз зиндонҳои Туркманистон тавассути бандари Акина ба ватан баргаштанд.
Раиси вилояти Ҷузҷони Афғонистон Абдулқодир Молия, ки барои қабули маҳбусон дар бандар қарор дошт, ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, 58 шаҳрванди ин кишвар аз зиндонҳои Туркманистон озод шуда, ба ватан баргаштанд.
Ба гуфтаи ӯ, бештари ин афғонистонҳо бо айби қочоқи маводи мухаддир дар Туркманистон зиндонӣ шуда буданд.
Бар асоси қонуни афве, ки рӯзи 15-уми май дар Туркманистон ба иҷро даромад, 1192 маҳбус, аз ҷумла 210 шаҳрванди хориҷӣ аз зиндон озод шуданд.