Вируси корона як деҳкадаро дар Қазоқистон дар инзиво гузошт

Дар деҳкадаи Ботакари вилояти Қарағандаи Қазоқистон даҳ ҳолати мубталошавӣ ба вируси корона сабт шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки вазъи беҳдоштиву эпидемиологии деҳкада вазнин шуда, ба ин далел, сар аз рӯзи 18-уми май Ботакар баста мешавад.

"Гашту гузори сокинон бидуни зарурат манъ мешавад. Дар роҳҳои вурудии деҳкада постгоҳҳо гузошта, ҳаракати ҳамагуна нақлиёт, ба ҷуз аз нақлиёти хадамоти махсус ва созмонҳо, қатъ мешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ аз гардиш мемонад", - гуфт Канат Аскаров, пизишки беҳдоштии вилояти Қарағандаи Қазоқистон.

Ба иттилои мақомот, дар вилояти Қарағанда хатари вабо дар сатҳи боло боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз аз шаҳри Темиртау ва деҳкадаи Ботакар, ки шумори зиёди гирифторони вируси коронаро доранд, сар аз 18-уми май дар ҳамаи минтақаҳои дигари аҳолинишини вилояти Қарағанда марҳилаи нави сабуксозии карантин оғоз мешавад. Гардиши автобусҳо байни шаҳрҳо ба роҳ монда мешавад, иншооти варзишӣ ба кор медароянд. Бо ин вуҷуд, баргузории мусобиқаҳо ва чорабиниҳои оммавӣ иҷозат дода намешавад.

Бино ба иттилои охирин, дар Қазоқистон 6 157 ҳолати гирифторӣ ва 34 ҳолати марг аз вируси нави корона сабт шудааст.