Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи пешини нирӯҳои марзбонӣ даргузашт. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи пешини нирӯҳои марзбонӣ ва муовини собиқи нахуствазири Тоҷикистон, дар 70-солагӣ даргузашт ва ӯро 17-уми май дар Кӯлоб дафн карданд.

Носир Азимов, бародарзодаи ӯ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдураҳмон Азимов солҳои ахир аз бемории дилу қанд ранҷ мекашид ва дар хонааш шаҳри Кӯлоб қарор дошт.

Ҳамкоронаш нақши фармондеҳи пешини нирӯҳои марзбониро барои оғози берун шудани сарҳадбонони рус аз марзи Тоҷикистону Афғонистон муҳим медонанд.

Генерал Нуралишо Назаров дар замони раҳбарии Абдураҳмон Азимов дар Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистон ба ҳайси муовини аввал кор кардааст. Вай рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "маҳз дар замони раҳбарии он кас, соли 2002, мӯҳлати созишнома дар бораи боқӣ мондани марзбонони рус дар ҳудуди Тоҷикистон ба поён расид ва сари тамдиди он баҳсҳо шурӯъ шуд".

"Он кас гуфтанд, рондани тракторро омӯхтем, дигар онҳо ба мо чӣ даркор. Мо гуфтем, дар хатти якум бояд сарҳадбонони тоҷик бошанд. Гуфтем мушовирон якчанд нафар бимонанд ва дигарон бираванд. Дар он давра, албатта, кор хеле мушкил буд ва мо якбора чанд марз, аз Чин то Афғонистонро ба уҳда гирифтем", - нақл кард Назаров.

Вале бар асоси хабаре, ки моҳи феврали 2004 нашр шудааст, Абдураҳмон Азимов ба хабаргузории "ТАСС" гуфтааст, ки "марзбонони Русия то абад дар Тоҷикистон мемонанд".

Ба гуфтаи Нуралишо Назаров, дар он шароити вазнин, ба уҳда гирифтани якбора ҳифзи чанд марзи кишвар осон набуд.

Марзбонони тоҷик ва ҳамкорони фармондеҳи собиқи нерӯҳои марзбонӣ мегӯянд, русҳо қариб тамоми техника ва лавозимоти ҳарбиро бо худ бурда буданд.

Абдушафеъ Тоҷов, полковники мустаъфӣ, ки солҳои дароз дар марз бо Афғонистон кор кардааст, мегӯяд, Азимови он замон фармондеҳ бо маоши ночиз кор мекард. "Дар китоби “Марзи Панҷ” дар бораи Азимов менависам, ки ба ҳайси раиси Кумитаи ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ҳамагӣ 120 сомонӣ мегирифт. Вале новобаста ба ҳамин кор мекард ва дар ҳифзи марз содиқ буду осоиштагиву амнияти мардумро дар он давра таъмин мекард. Дар он шароит хӯроку либос ва маош кам буд, вале ҳифзи марзро пурра таъмин карда буданд", - афзуд ӯ.

Азимов аз соли 2002 то 2005 ба ҳайси фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон кор кардааст. Аз он пеш ба ҳайси раиси идораи амнияти вилояти Хатлон ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон кор карда, як муддат муовини нахуствазир ва вакили Маҷлиси Намояндагон буд. Дар мақоми сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати нирӯҳои марзбонӣ ҳам кор карда, соли 2015 бознишаста шуд.