Ду корманди Радиои Озодӣ дар садама ба ҳалокат расиданд

Аз чап ба рост: Максим Гавриленко, Владзимир Михайловски ва Любов Зямтсова

Ду филмбардори Радиои Озодӣ ҳангоми бозгашт аз наворбардории марбут ба сирояти коронавирус дар Беларус дар бархӯрди мошинҳо ба ҳалокат расида, ҳамкори онҳо шадидан маҷруҳ шуд. Садама шаби 14 май дар роҳ аз шаҳри Ҳомел дар ҷанубу шарқи Беларус ба самти Минск, пойтахти ин кишвар, рух дод.

Владзимир Михайловскии 33-сола коргардон ва Максим Гавриленкои 26-сола садобардори гуруҳи филмбардории Бахши беларусии телевизиони "Настояшее время" буданд. Дастаро коргардони машҳури филмҳои мустанад Любов Зямтсова, раҳбарӣ мекард, ки ҳоло дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарист.

"Ин бадтарин хабарест, ки расидааст", гуфт президенти Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай. "Ин филмсозони ҷавон одамони наҷиб, боистеъдод ва илҳомбахш буданд. Онҳо бахше аз тарҳи нави мо буданд, ки барои таҳияи беҳтарин матолиб бо ҳадафи шиносондани Беларус ба мардуме, ки дар бораи он кам шунидаанд, роҳандозӣ шудааст. Кори онҳо ҳолу ҳавои тоза ва умпедбахше дошт, ки ҳамаи мо ҳис мекардем," гуфт Флай ва даргузашти фоҷиавии Михайловски ва Гавриленкоро "харобиовар" номид. "Ҳамаи мо дар Радиои Озодӣ умедворем ва дуо мекунем, ки [Зямтсова] сиҳат шавад" гуфт ӯ ва илова кард, ки 14 май зодрӯзаш буд.

Кенан Алиев, муҳаррири тарҳи нав гуфт: "Ин одамон ва ин барнома пур аз умед буд. Онҳо ҷасур, оқил ва эҷодкор ва ба ин лоиҳаи барои Беларус беназир содиқ буданд. Мо дилхун шудем. "

Филмсозон ба Ҳомел сафар карда буданд, то дар бораи эҳсонкорон ва ихтиёриёне мавод ҷамъоварӣ кунанд, ки дар авҷи уфуни ҳамагшири коронавирус ба кормандони тандурустӣ кӯмак мерасонанд.

Ҳукумати Беларус мавҷудияти бемориро ночиз арзёбӣ мекунад ва ҳатто 9 май ҷашни Рӯзи Ғалаба баргузор намуда, ҳазорон нафарро дар як майдон гирд овард. Ин дар ҳолест, ки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз Беларус хост, ҷамъомадҳоро манъ ва фосилаи ҷисмонииро ҷорӣ намояд.

"Настояшее время" телевизионест таҳти сарпарастии РАО/РО ва "Садои Амрико", ки шабонарӯзӣ ба забони русӣ барнома пахш мекунад. Он ба ғайр аз барномаи хабарӣ ва таҳлилӣ ба сохтани филмҳои мустанад низ машғул аст. Дар як соли гузашта барномаҳои он зиёда аз 740 миллион бор дида шудаанд.