Литва, Латвия ва Эстония шурӯъ аз 15 май марзҳои бо сабаби пандемия басташудаи байниҳамдигариро боз карданд ва акнун сокинони ин кишварҳо метавонанд ба қаламрави ҳамдигар сафар кунанд. Як шарт ин аст, ки давоми 14 рӯзи ахир ба кишварҳои берун аз Балтика сафар ва бо олудашудаҳо дар тамос нашуда бошанд. Меҳмонҳо баъди ворид шудан ба кишвар вазифадоранд, ки карантини 14-рӯзаро пуштисар кунанд. Нахуствазири Литва Саулиус Сквернелис гуфт, ки ин иқдом барои имкони зинда кардани кори соҳаи бизнес муҳим аст. Дар ин кишварҳо вазъияти коронавирус нисбатан беҳтар буда, рӯзона шумори гирифторони нав ба вирус чандон зиёд афзоиш намеёбад. Интизор меравад, ки базудӣ Финляндия ва Полша ҳам аз иқдоми онҳо пайравӣ бикунанд.