Вилояти Туркистони Қазоқистон дубора зери об монд. Сокинони ин минтақа ҳанӯз баъди обхезӣ дар натиҷаи рахна шудани сарбанди обанбори Узбекистон фурсати баргаштан ба манзилҳояшонро пайдо накарда, дубора обхезӣ рух дод.
Дар ҷануби Қазоқистон чанд ноҳия зери об монда ва дар сурати қатъ нашудани боронҳо вазъият мумкин аст, бадтар гардад.
Боронҳо дар вилояти Туркистон рӯзи чаҳоршанбе шуруъ шуданд. Шоми ҳамон рӯз сатҳи об дар дарёи Каскасу боло рафт ва якбора дар се ноҳияи вилоят сел омад.
"Об шабона омад. Мо ҳатто дарк накардем, ки чи ҳодиса рух дод. Ҳама чиз зуд сурат гирифт. Ҷараёни об бо худ санг овард. Мо дар хона будем, ба ҳар ҳол фурсати ҷамъ кардани ҷиҳози асосиро пайдо кардем. Баъдтар наҷотдиҳандагон омаданд ва моро берун бурданд", - гуфт Музурхон Бабашев, як сокини маҳаллӣ.
Ҳудуди 150 сокин дар пайи омадани сел ба ҷои амн кӯч дода шудаанд ва бархеи дигар мустақилона манзилҳояшонро тарк кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми хисорот дақиқ нест. Ба иттилои пешакӣ, дар маҷмуъ 300 манзил аз обхезӣ зарар дидааст.