Садҳо тоҷири бозори марказии шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 14-уми май дар назди дарвозаи бозор ҷамъ шуда, ба талаби маъмурияти худ эътироз баён карданд, ки хостааст, пули иҷораи дуконҳоро думоҳа пешпардохт кунанд.
Тоҷирон мегӯянд, ба иллати эъломи карантин дар шаҳр бе даромад мондаанд ва ҳоло барои пардохти ҳаққи иҷора пул надоранд.
"То эъломи каратин мо пули иҷораи якуниммоҳаро дода будем. Ҳоло барои моҳи май ва июн талаб доранд. Вақте мо ҳоло харҷҳои пешини худро набароварда бошем, чаро бояд барои ду моҳи дигар пул диҳем?", - суол мегузоранд тоҷирони норозӣ.
Бештари онҳо мегӯянд, омодаанд макони савдои худро иваз кунанд ва аз маъмурияти бозор талаб доранд, ки иҷозат диҳад, молҳояшонро бароранд.
Ба назди таҷаммуъгарон намояндагони маъмурияти бозор баромада, онҳоро ба оромӣ даъват карданд. Вале тоҷирон гуфтанд, мехоҳанд бо раҳбарияти бозор бевосита гуфтугӯ кунанд. Дар натиҷа масъулони маъмурияти бозор аз тоҷирон хостанд, барои гуфтугӯ намояндагони худро муайян кунанд. Намояндагони расонаҳоро ба маҳалли гуфтугӯ сари вақт роҳ надоданд.
Вазъро кормандони пулис назорат дошта, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва додситонӣ низ дар маҳалли таҷаммуъ қарор доранд.