Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май гуфт, ки дар ду ҳафтаи ахир дар кишвар 801 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 23 кас аз ин беморӣ ҷон бохтаанд.
Дар ҳоле ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанде аз сокинон аз даргузашти наздикони худ аз COVID-19 хабар доданд, вазорат мегӯяд, дар шабонарӯзи ахир ҳеч кас аз ин беморӣ нафавтид.
Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта ба камияш номи даҳ нафар ворид карда шудааст. Дар умум дар ин рӯйхат номи 170 нафарро гирд овардаанд.
Фарқ байни омори расмӣ ва омори ба истилоҳ "мардумӣ" дар Тоҷикистон зиёд аст ва бисёриҳо ба ин далел рақамҳои эълоншуда аз тарафи Вазорати тандурустиро зери шубҳа мегузоранд.
Мақомот мегӯянд, то 13-уми май дар шифохонаҳои саросари кишвар беш аз 4100 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар шабонарӯзи ахир 547 нафар аз муассисаҳои тандурустӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Вале дақиқ намегӯянд, ки ин афрод бо шубҳаи коронавирус бистарианд, илтиҳоби шуш ва ё бемории дигар.
Ба иттилои расмӣ, мавриди нахустини сирояти коронавирус ба сокинони кишвар рӯзи 29-уми апрел сабт шудааст. То он замон мақомоти Тоҷикистон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинон дар Душанбеву Хатлон ва Суғдро ба бемории илтиҳоби шуш ё пневмония рабт медоданд.