Мудиромили Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ин муассиса бори дуввум дар соли равон аз сабаби сирояти саросари короновирус дурнамои рушди ҷаҳонӣ дар соли 2020-ро бозбинӣ мекунад. Ба эҳтимоли зиёд зарба ба иқтисодҳои ҷаҳонӣ вазнинтар аз он хоҳад буд, ки пешбинӣ мешуд.
Рӯзи 12--уми май дар як суҳбати онлайни Кристалина Георгева мудиромили СБП гуфт, омори охире, ки аз кишварҳои гуногун ба дасти онҳо расидааст бадтар аз рақамҳоест, ки пешбинӣ мешуд.
Ӯ афзуд омори нав дар моҳи июн ҷамъбаст хоҳад шуд. Дар моҳи январ қабл аз оғози карантин дар кишварҳои мухталафи олам Сандуқи Байналмилалии Пул пешбинӣ карда буд, ки рушди иқтисод дар дунё 3,3 дарсад хоҳад шуд. Вале дар моҳи апрел коршиносони сандуқ дурнамои рушдро бозбинӣ намуда, таъсири манфии сирояти короновирусро ба инобат гирифта буданд. Дар моҳи апрел сандуқ пешбинӣ карда, ки рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 3 фоиз хоҳад шуд.