Ба нафақахӯрони Узбекистон имкони интихоби мустақилонаи бонкро медиҳанд

Бонки марказӣ ва вазорати молияи Узбекистон эътироф карданд, ки низоми дастрас кардани нафақа ва кӯмакпулиҳо тавассути Бонки халқӣ номуассир аст.

Бонки халқӣ аз моҳи июли соли 2017 ба ин тараф масъули тақсими нафақаву кӯмакпулиҳо дар Узбекистон аст. Ҳамакнун ба ин қишри ҷомеа имкон дода мешавад, ки барои дастрас кардани нафақа бонкро мустақилона интихоб кунанд.

Дар ин бора Аброрхоҷа Турдиалиев, як масъули назорати муассисаҳои қарзии Узбекистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, Бонки халқӣ ҳудуди 620 ҳазор корти бонкӣ нашр ва ба нафақахӯрон тақсим кардааст. Аммо 7-8-уми май низоми пардохти кортӣ нуқс баровард, ки барои нафақахӯрон мушкил эҷод кард.

Баъди ин ҳодиса Бонки марказӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати молия масъаларо баррасӣ ва “ба хулоса омаданд, ки шеваи тақсими нафақа ва кӯмакпулиҳо тавассути бонки воҳид муассир нест ва аз ин таҷриба бояд даст кашид”.

“Дар робита ба ин, нафақахӯрон метавонанд, бонки мавриди писанди худро интихоб кунанд ва нафақаву кӯмакпулиҳо тавассути он ирсол хоҳанд шуд”, - гуфт Аброр Турдалиев.