САҲА ва CPJ аз мақомот талаб карданд, ки омилони латту кӯби Абдуллоҳ Ғурбатиро пайдо намоянд

Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки омилони латту кӯби хабарнигор Абдулло Ғурбатиро пайдо ва муҷозот кунанд. Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" шоми 11-уми май аз сӯи афроди номаълумот дар роҳ ба манзили зисташ латту кӯб шуд.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот рӯзи 12-уми май дар изҳоротҳои ҷудогона хостори пайдо ва муҷозот кардани нафароне шуданд, ки дар латту кӯби рӯзноманигор даст доранд.

Ҳарлем Дезир, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар саҳифаи твиттериаш навишт, аз ҳамлаи хушунатомези ду нафар ба Абдуллоҳ Ғурбат "ваҳшатзада шудам. Аз мақомот даъват дорам, ки гунаҳкорони ин ҳодисаро ҷустуҷӯ карда, ба ҷавобгарӣ кашанд."

Ин намояндаи САҲА ҳамчунин навиштааст, ВАО-и мустақил барои ҳар ҷомеа иттилоърасони асосӣ мебошанд ва "бахусус дар замони бемории ҳамагир."

Масъулини Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ҳам дар як изҳорот навиштаанд, мақомоти Тоҷикистон бояд ҳамла ба рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро амиқан таҳқиқ намоянд. Ин созмон дар изҳороташ таъкид кардааст, ки "Тоҷикистон бояд шароитеро таъмин кунад, ки рӯзноманигорон бидуни тарсу ҳарос фаъолият карда тавонанд ва аз ҷониби мақомот мавриди таъқиб қарор нагиранд."

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи латту кӯби хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ расман изҳорот надодаанд. Танҳо Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар хабарнигор ба мақомот муроҷиат карда бошад, ҳатман ҳодисаро таҳқиқ мекунанд."

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавони оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс", дар Душанбе шоми 11-уми май замоне мавриди ҳамла қарор гирифт, ки аз фурӯшгоҳ ба хона бармегашт. Ба гуфтаи Ғурбатӣ, ду фарди ношинос, ки ниқоби тиббӣ доштанд ӯро латту кӯб карда, танҳо баъди фарёд задани ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.

Рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ин ҳодиса нигаронӣ карда аз мақомот талаб карданд, ки онро ҷиддан таҳқиқ намоянд.