Вазорати молия гуфт, ки барои муқобила бо COVID-19 чӣ қадар пул ҷамъ кард

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон

Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Сандуқи вижаи муқобила бо коронавирус дар кишвар 6,3 миллион сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллар ҷамъ шудааст. Нуралӣ Шоқурбонов, сардори дафтари матбуоти Вазорати молия, 12-уми май дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, "аз ин пулҳо ягон сомониаш харҷ нашудааст".

Ба навиштаи сухангӯи Вазорати молия, пулҳоро бар асоси дастури Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо бемории ҳамагир ва Вазорати тандурустӣ сарф хоҳанд кард.

Шоқурбонов мегӯяд, дар бораи харҷи маблағҳо алоҳида гузориш медиҳанд ва ҷараёни онро маъмурони Оҷонси зиддифасод ва Палатаи ҳисоб низ назорат мекунанд.

Ин иттилои Вазорати молия дар ҳоле нашр мешавад, ки интиқодҳо аз набудани шаффофият ҳангоми харҷи маблағҳои ҷамъшуда барои муқобила бо COVID-19 ҳарчи бештар садо медиҳад.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва наздикони беморон пайваста аз камбуди васоили тиббӣ дар бемористонҳои кишвар шикоят мекунанд ва мепурсанд, кумакҳои башардӯстонаи хориҷӣ ва маблағҳои ҷамъшуда дар фонди махсус куҷо шудааст.

Бо ин вуҷуд масъулини Вазорати молия рӯзи 12-уми май танҳо дар бораи маблағҳое гузориш доданд, ки афроди алоҳида ва корхонаҳо ба фонди махсуси муқобила бо COVID-19 гузарондаанд. Вазорат нагуфтааст, ки кумакҳои башардӯстона ва маблағҳои грантии кишварҳои хориҷӣ дар маҷмуъ чӣ қадар аст ва дар куҷо масраф мешаванд ва оё чӣ тавр хароҷот шудани онҳо барои ҷомеа пешниҳод мешавад, ё не.