Намояндагони баландпояи ҳукумати Амрико, ки посухгӯ ба бемории ҳамагири коронавирус ҳастанд, рӯзи 12-уми май ба саволҳои Сенат ҷавоб хоҳанд дод.
Онҳо дар видеоконфронсе иштирок хоҳанд кард, зеро ҳама пас аз наздикӣ бо шахсе, ки озмоишаш аз вирус мусбат баромадааст, худро карантин карданд.
Сенатор Ламар Александр ҷаласаро аз дурӣ роҳбарӣ мекунад. Ӯ пас аз он ки санҷиши як кормандаш рӯзи 10-уми май мусбат баромад, хостааст, ба Вашингтон наояд.
Александр бо духтури худ маслиҳат карда, ба андешае омад, ки дар хонааш дар Тенесси, 14 рӯз дар карантин монад.
Роҳбари кумитаи тандурустӣ, маориф, меҳнат ва нафақаи Сенат дар изҳороте гуфтааст, дар ин ҳолати ғайриодӣ , "барои эҳтиёти шоҳидон, сенаторҳо ва кормандон", ҳамаи чор шоҳид дар ҷаласа видеоӣ ширкат хоҳанд кард.
Се шоҳид -- Стивен Ҳан, роҳбари идораи хӯрокворӣ ва дору; Роберт Редфилд, сардори Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо ва коршиноси беҳтарини бемориҳои гузаранда доктор Энтони Фаучи -- ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки пас аз наздик будан бо вирус хонашин шуданд.
Мансабдори чорум Бретт Жирор, ки роҳбарии санҷишҳоро ба уҳда дорад, низ аз роҳи дур шоҳидӣ медиҳад.
Ин бори аввал аст, ки Фаучи пас аз моҳи март дар назди Конгресс гувоҳӣ медиҳад. Ба навиштаи The New York Times, ӯ нақша дорад Сенатро ҳушдор диҳад, ки агар Амрико хеле тез чораҳои эҳтиётиро бардорад ва кушода шавад, амрикоиҳо ба "ранҷу марги нодаркор дучор хоҳанд шуд".