Навбатпоиҳои тӯлонии қазоқистониҳо дар назди дарвозаҳои Алмато

Субҳи 11-уми май дар даромадгоҳҳои шаҳри Алматои Қазоқистон навбатпоии тӯлонӣ ба миён омада, кормандони пулис онҳоеро боз доштанд, ки аз вилояти Алмато мехостанд вориди шаҳр шаванд.

Баъди ба поён расидани муҳлати ҳолати изтирорӣ дар Алмато шумори онҳое афзоиш ёфт, ки мехостанд, вориди шаҳр бишаванд. Кормандони пулис танҳо ба онҳое иҷозати вуруд медиҳанд, ки қайди зист дар шаҳрро доранд.

"Нақзи тартиботи ҷамъиятӣ сурат нагирифтааст. Ба мардум фаҳмонданд, ки 27 постгоҳ дар даромадҳои Алмато ба мисли пешин фаъолият доранд. Марзҳои Алмато баста ҳастанд. Ҳоло вазъ дар постгоҳҳо муътадил аст. Аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки танҳо ба хабарҳои расмӣ такя кунанд", - омадааст дар изҳороти Департеманти пулиси Алмато дар шарҳи навори ҷамъшавии одамон дар назди даромадгоҳҳо.

Ахиран сардухтури санитарии Алмато Жандарбек Бекшин эълом кард, ки шаҳр давраи авҷи бемории коронавирусро пушти сар кард. Ӯ гуфт, бо вуҷуди бекор шудани вазъи фавқулода дар Алмато каратин хоҳад буд. "Постгоҳҳо кор мекунанд ва қоидаҳои пешини даромаду баромад аз шаҳр низ амал хоҳанд кард. Ба кор танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус иҷозат дода мешавад", - афзуд ӯ.

Вазъи фавқулодае, ки дар Алмато, ки 16-уми март эълом шуда буд, рӯзи 11-уми май расман ба поён расид. Мақомот то ба ҳол ду бор онро тамдид карда буданд. Мақомоти қазоқ охирҳои моҳи апрел эълом карданд, ки дар ду шаҳри бузургтарин - Алмато ва Нурсултон тадриҷан ба фаъолияти корхонаҳо иҷозат хоҳанд дод.

Дар Алмато 1 590 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии мубталоён дар Қазоқистон ба 5138 мерасад.