Умарзода мансаби нав гирифт, номи сардори РКД Бадахшон эълон шуд

Икром Умарзода

Икром Умарзода

Икром Умарзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, аз мақом озод шуда, сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД таъин гардидааст. Дар ин бора 11-уми май қарори ҳукумат содир шуд. Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷойи Умарзода ба мақоми муовини вазири корҳои дохилӣ Нозим Иброҳимзода омадааст.

Тибқи иттилои расмӣ рӯзи 11-уми май Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон таъин шудааст. Аз моҳи сентябри соли 2018, ки раисҷумҳур аз вазъи тартибот дар вилояти Бадахшон сахт интиқод карда буд, Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ ҳамзамон сардори пулиси Бадахшон буд.

Мақомот мегӯянд, бар асоси тағйироти кадрии нав ҳамчунин Музаффар Боймаҳмадзода сардори Идораи умури дохилии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин шуда, ваколати як додраси ин ноҳия Мирусмон Рауфзода, бинобар вафоташ қатъ карда шуд.