Баргузории ҷашнвораи синамои Канн дар Фаронса ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шуд. Қарор буд, ҷашнвораи 73-уми Канн рӯзи 12-уми май баргузор шавад.
Пештар баргузории ҷашнвора ба моҳи июни соли равон ба таъхир гузошта шуда буд, вале созмондиҳандагони ҷашнвора рӯзи 10-уми май гуфтанд, феълан баргузории он манъ карда мешавад.
Хушбинҳо мегӯянд, эҳтимол дорад, ҷашнвора моҳи октябри соли равон баргузор карда шавад. Бархеҳо бар ин назаранд, ки он соли 2021 барпо хоҳад шуд. Президенти ҷашнвора Пер Лескюр дар суҳбат бо Le Figaro изҳори умед кард, ки коргардони амрикоӣ Спайк Ли соли оянда "метавонад доварони ҷашнвораи синаморо раҳбарӣ кунад".
Пештар озмуни байналмилалии "Евровидение" низ ба иллати паҳн шудани коронавирус ба таъхир гузошта шуда буд. Озмун қарор буд, аз 12 то 16-уми май дар Нидерландия баргузор шавад, вале 18-уми март баргузории онро ба таъхир гузоштанд.