Ҳавопаймои ИЛ-76 бо кумаки башардӯстонаи Узбекистон баъд аз зуҳри 8-уми май дар фурудгоҳи Душанбе поин шуд.
Барои қабули кумакҳо барои муқобила ба коронавирус муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон ва сафири Узбекистон дар Тоҷикистон омада буданд.
Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, "имрӯз ёрии башардӯстонаи тиббиро, иборат аз 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дору ва васоили ҳифозати шахсӣ дарёфт кардем. Умед дорам, ки ин воситаҳои тиббии дастрасшуда барои табобати сокинони кишвари мо мерасад."
Ин дувумин кумаки башардӯстонаи Узбекистон ба Тоҷикистон пас оғози пандемияи коронавирус дар ҷаҳон аст.
Моҳи апрел барои ҷилавгирӣ аз вуруди коронавирус ба Тоҷикистон ин кишвари ҳамсоя 18 вагон маводи ғизоӣ, аз ҷумла орд, василаҳои тиббии муҳофизатӣ ва безараркунада ва маводи тиббӣ кумак карда буд.
Ин бор бар изофаи молу маводи тиббӣ, Узбекистон ҳамчунин 8 пизишкро барои кумак ва табодули таҷриба ба ҳамтоҳои тоҷики худ фиристод.
Неъматҷон Иброҳимов, мудири шуъбаи анестизоология ва реаниматологияи Донишгоҳи тиббии Тошканд гуфт, "метавонем барномаҳои тиббии телевизионӣ, видеоконференсия баргузор кунем. Барои ин ҳамроҳи мо мутахассисони иммунолог, сироятшиносҳо, анестизиолог-реаниматологҳо ва пулмонологҳо омаданд. Мо ба қадри имкон кӯшиш мекунем, ки таҷрибаи худро бо ҳамтоҳои тоҷики худ дар миён гузорем ва як ҷоя ба ин маризӣ пируз шавем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳанӯз гуфта нашудааст, ки ин гуруҳи табибони узбек дар кадом бемористонҳо корро шуруъ мекунанд. Ҳамчунин маблағи умумии кумакҳои тиббии Узбекистон ба Тоҷикистон гуфта нашуд.
Қаблан барои муқобила ба коронавирус Озарбойҷон Ҳиндустон, Русия, ИМА, Чин ва чанде дигар аз кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ кумакҳои башардустона ироа кардаанд.