Федератсияи байналмилалии варзишҳои обӣ (FINA) эълон кард, ки қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки мебоист соли оянда дар шаҳри Фукуокеи Ҷопон доир мегашт, ба соли 2022 гузаронида шуд. Дар ин бора сомонаи расмии FINA хабар додааст.
Ба иттилои ин манбаъ, қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки бояд рӯзҳои 13-29-уми майи имсол доир мегашт, аз 16-уми июл то 1-уми августи соли 2021 баргузор мешавад.
FINA ба он хотир чунин тасмим гирифт, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ба иллати пандемияи Covid-19 ба соли 2021 таҳвил дода шуд. Санаҳои баргузории Бозиҳои олимпӣ – 23-юми июл – 8-уми август - ба қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ дар Фукуоке рост меомад.
“Баъд аз ҳамкорӣ бо ҷонибҳои дахлдор мо бовар дорем, ки қарори қабулшуда шароити беҳтарро барои иштирокдорони мусобиқот фароҳам меорад”, - гуфтааст президенти FINA Ҷулио Маглион.
Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки соли 2019 дар Чин доир гашт, дар ҳисоби медалҳо бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт. Мунтахаби Чин бо касби 30 медал (16 тилло, 11 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд.
Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 36 медал (15 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кард. Мунтахаби Русия бо касби 30 медал (12 тилло, 11 нуқра ва 17 биринҷӣ) мақоми севумро соҳиб шуд.
Федератсияи байналмилалии варзиши сабук низ қаблан қарор қабул кард қаҳрамонии ҷаҳон, ки 6-15-уми августи соли оянда дар Орегони ИМА ба нақша гирифта шуда буд, соли 2022 доир мегардад.