WHО гуфт, дар сабуктар кардани маҳдудиятҳо шитоб накунед

Дар Чехия маҳдудиятҳои гаштугузорро сабуктар карданд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ кишварҳоеро, ки тадбирҳои карантинро сабук мегардонанд, ба эҳтиёткорӣ даъват кард. Созмон ҳамзамон аз эҳтимоли мавҷи дувуми вируси корона ва густариши босурътати вирус ҳушдор дод. Бино бар омори рӯзи 8 май, дар саросари дунё ҳудуди 3,8 миллион кас ба COVID-19 гирифтор шуда ва аз ин миён 270 ҳазор тан ҷон додаанд.

Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё гуфт, дар сурати наафзудани шумори гирифторони вируси корона мумкин аст, Лондон аз ҳафтаи оянда ба сабук кардани тадбирҳои карантин пардозад. Бритониё бо 30 ҳазор қурбонӣ аз рӯи шумори талафоти вируси корона баъди ИМА дар ҷои дувум қарор дорад.

Президенти ИМА, ки дар ин кишвар 1,2 миллион гирифтор ва 73 ҳазор қурбонии вируси корона сабт шудааст, вируси навро "бадтарин ҳамла" ба кишвараш унвон кард. Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, "ҳамла"-и мазкур бадтар аз ҳамлаи Перл-Ҳарбор дар замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ва ё амалиётҳои террористии 11 сентябри соли 2001 аст. Трамп бори дигар аз Чин интиқод кард, ки вируси корона нахуст дар ин кишвар пайдо шуд. Трамп гуфт, Пекин вазифадор буд, ки садди роҳи вирусро бигирад ва ба густариши он иҷозат надиҳад. Наздик ба нисфе аз аёлоти ИМА ба сабуксозии тадбирҳои карантин пофишорӣ доранд, то ин ки иқтисод дубора фаъол шавад. Аммо коршиносон ба эҳтиёткорӣ даъват доранд.