Қазоқистон тасмим надорад, ба Тошканд нота фиристад

Деҳаҳое, ки зери об мондаанд

Нурсултон тасмим надорад, дар робита ба рахна шудани садди обанбори Сардобаи Узбекистон ва зери об мондани қисме аз вилояти Туркистони Қазоқистон ба Тошканд нотаи эътирозӣ фиристад. Дар ин бора Ойбек Смадияров, котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод.

Пештар аз ин Сергей Громов, ноиб-вазири экологии Қазоқистон гуфт, кишвараш аз Узбекистон хост, хисоротеро ҷуброн кунад, ки дар пайи рахна шудани обанбори Сардоба ба аҳолии Қазоқистон расид.

“Мо ба Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон нома омода мекунем ва ҳамаи дархост, дақиқтараш талаботи худро зикр хоҳем кард. Зеро мо имрӯз ҳақ дорем, ки талаб кунем, мо ҷониби зарардида ҳастем”, - гуфт Громов.

Вай ҳамзамон илова кард, ки дар номаи расмӣ дархости ҷониби Қазоқистон дар бораи барқарор накардани обанбори Сардоба ҳам зикр мешавад.

“Дархости мо ин аст, ки обанборро барқарор накунанд. Агар ҳам барқарор мекунанд, дар ҳаҷми хурдтар барқарор кунанд. Ин обанбор бе ҳамоҳангӣ бо мо, дар дарёи фаромарзӣ сохта шудааст”, - гуфт Громов.

Аммо сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, президент Қосимҷомарт Тоқаев бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев 2-юми май суҳбат карда, дар мавриди ҳамоҳанг кардани фаъолияти ду кишвар барои рафъи оқибатҳои рахнаи сад ба созиш расиданд.

Рахнаи обанборе, ки соли 2017 сохта шуда, ғунҷоиши 922 миллион метри мукааб обро дошт, 1-уми май рух дод. Шоми он рӯз об ба деҳаи назди марзи Қазоқистон бо Узбекистон расид.

Дар пайи ин ҳодиса беш аз 36,6 ҳазор сокини вилояти Туркистон ба ҷои амн кӯч дода шуданд. Ба иттилои ибтидоӣ, дар вилояти Туркистон 845 манзил хароб ва беш аз 7,6 ҳазор га замини кишоварзӣ зери об мондааст.​

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони деҳаҳои зериобмонда талаби ба ҷои дигар кӯчидан ва сохтани манзилро доранд. Зеро, ба гуфтаи сокинон, манзилҳои онҳо қобили бозсозӣ нестанд ва заминҳояшон низ дигар қобили истифода нест.