Ҳукумати Қирғизистон муҳлати “долони сабз”-ро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандие тамдид кард, ки дар ҳудуди Қирғизистон ҳузур доранд.
Аз вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтанд, ин тасмим дар пайи тамдиди муҳлати ҳолати фавқулода ва қатъи парвозҳои байналхалқӣ гирифта шудааст. Дар Қирғизистон низоми ҳолати фавқулода то 11 май тамдид шуд.
Ҳамакнун ба хориҷиҳои дар Қирғизистон қарордошта иҷозат шуд, ки бидуни ба тартиб даровардани виза ва ё қайди ҷойи зист ин кишварро тарк кунанд.