Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон замони таътили хонандагони мактабҳои миёнаро то 16-уми август дароз кард. Ба иттилои манбаъ, таҳсил аз 17-уми августи имсол оғоз мегардад. Дар бораи шароити кори омӯзгорон ва пардохти маоши онҳо дар ин давра шарҳе дода нашудааст.
Қаблан хонандагони мактабҳои миёнаро аз 27-уми апрел то 10-уми май ба таътил фиристода буданд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, тамдиди таътили хонандагон ба мавҷудияти коронавирус дар кишвар рабт дорад.
То имрӯз дар Тоҷикистон 230 нафар ба коронавируси нав сироят шуда, 3 нафар фавтидаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати маориф в илми Тоҷикистон рӯзи 5-уми май дар баёяние гуфт, "баҳои чоряки чорумро аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал мегузоранд, баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синф гузаштанро аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо."
Имтиҳонҳо барои хатмкунандагони мактабҳои миёна аз 15-ум то 24-уми июни имсол ба нақша гирифта шудааст.
"Дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ таътил тамдид карда шуд", - эълон кард дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд.
Имтиҳонҳои тобистонаи ин гуруҳи донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбасти имтиҳоноти хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.