Дар Қазоқистон муҳлати даъвати баҳории сарбозон ба артиш ба далели паҳншавии вируси корона то моҳи август тамдид шуд. Дар ин бора фармони президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев содир шудааст.
"Мардони аз 18 то 27-сола, ки ҳаққи озод будан аз артишро надоранд, ба хизмати фаврии сарбозӣ дар Неруҳои мусаллаҳ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, Хадамоти давлатии ҳифзи Қазоқистон дар моҳҳои март-август ва сентябр-декабри соли 2020 даъват карда шаванд", - омадааст дар фармон.
Сакен Жусупов, як мақомдори Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Қазоқистон гуфт, даъват ва фаъолияти комисияҳои тиббӣ, ҳамзамон ирсоли сарбозон ба қисмҳои низомӣ боздошта шудааст, вале даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ "баъди ба поён расидани ҳолати фавқулода аз сар гирифта мешавад ва то 31 август идома мекунад".
Ин дар ҳолест, ки аз ибтидо қарор буд, даъвати баҳорӣ моҳи июн ба поён расад.
Охири моҳи март дар Қазоқистон даъвати шаҳрвандони синни сарбозӣ ба адои хизмати ҳарбӣ боздошта шуд.
Дар он кишвар аз 16 март ба ин тараф дар робита ба паҳншавии вируси корона, ҳолати фавқулода эълом шудааст.