Помпео: "Чин барои дурӯғгӯӣ дар бораи COVID-19 ҷавоб медиҳад"

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи якшанбе дар суҳбат бо телевизиони ABC News гуфт, мақомоти Чин ҳамаи талоши худро карданд, то ҷаҳон дар бораи хатари коронавирус ё худ COVID-19 сари вақт огаҳ нашавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин як талоши дурӯғпарокании коммунистӣ буд. "Онҳо барои ин корашон "посух" хоҳанд дод", - иқтибос овардааст ABC News аз суханҳои котиби давлатии ИМА.

Нашрияи "Дейли Телеграф"-и Лондон 3 май бо истинод ба гузориши иттиҳоди хадамоти махсуси кишварҳои ғарбӣ, ки коршиносон аз ИМА, Бритониё, Канада, Австралия ва Зеландияи Нав шомили онанд, хабар дод, ки Чин далелҳо дар бораи шуюи коронавирусро қасдан пинҳон кардааст.

"Чин иттилоъ дар бораи ошкор шудани вируси навро пинҳон ва табибонро маҷбур карда, ки дар ин бора чизе нагӯянд. Ҳамчунин аз додани маводи биологии марбут ба вирус ба мутахассисони ғарбӣ худдорӣ намуд, ки онҳо метавонистанд, сари вақт ҷустуҷӯи воксинаи вирусро оғоз кунанд", - омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, мақомоти Чин дар бораи пайдо шудани вируси нав ва аз одам ба одам гузаштани он ҳанӯз дар аввали моҳи декабри соли 2019 хабар доштанд, вале инро то 20 январ пинҳон карданд. Муаллифон мегӯянд, Кумитаи тандурустии Чин 3 январ дастур додааст, ки намунаҳои коронавирус пурра маҳв ва нашри хабар дар бораи ҳолатҳои нави мубталошавӣ манъ карда шавад.