Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, мумкин аст, дар вилоятҳое, ки хатари густариши вирус кам аст, аз рӯзи 4-уми май дари масҷидҳоро барои ибодат боз кунанд. Баъди хуруҷи бемории COVID-19 дар Эрон дар аввали моҳи март, ибодат дар тамоми масҷидҳоро манъ карданд. Ҳасан Рӯҳонӣ дар нишасти ситоди мубориза бо коронавирус дар рӯзи 3-уми май гуфт, ки дар сеяки манотиқи маъмурии кишвар “масҷидҳо то фардо боз мешаванд.”
Дар ин нишаст, ки дар телевизионҳои Эрон намоиш доданд, ӯ гуфт: “Фосилагирии иҷтимоӣ назар ба намози ҷамоа муҳимтар аст ва афзуд, ки дар дини Ислом сиҳатӣ назар ба намози ҷамоа дар масҷид бартар дониста мешавад. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон, ситоди ҳукуматӣ масъалаи боз кардани мактабҳо то 16-уми майро баррасӣ мекунад, то ки муҳассилин тавонанд, пеш аз таътили тобистона як моҳ дарс бихонанд.
Коронавируси нав дар Эрон аз моҳи феврал то кунун 6150 нафарро кушта ва ба бештар аз 96 ҳазор нафари дигар сироят кардааст. Эрон рӯзи 2-уми май гузориш дод, ки талафот баъд аз рӯзи 10-уми март бори аввал дар кишвар коҳиш ёфтааст. Коршиносон ва худи мақомоти расмӣ дар Эрон ба омори расмӣ дар бораи сирояти беморӣ ва маргумир аз он шубҳа доранд. Эрон аз моҳи март, варзишгоҳ, кинотеатр ва донишгоҳу дигар муассисаҳоро баст.