Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки сарбозони кишвар бо нерӯҳои Куриёи Шимолӣ дар марз ба сӯи ҳамдигар тирандозӣ кардаанд. Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки соати 7:41 ба вақти маҳаллӣ дар рӯзи 3-уми май аз он тарафи сарҳад ба самти як посгоҳи онҳо чанд дафъа тир андохтаанд.
Дар баёнияи расмии ситод омадааст, ки сарбозони Куриёи Ҷанубӣ баъди ҳушдор бо баландгӯ ду дафъа ба самти Куриёи Шимолӣ тир андохтаанд. Ба қавли мақомоти Сеул аз тарафи онҳо ҳеҷ касе осеб надидааст. Тирандозӣ дар марзи то дандон мусаллаҳи ду кишвар як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ пас аз се ҳафтаи ғайб ва сару садо дар бораи сиҳатиаш дар мазҳари ом пайдо шуд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 2-уми май гуфт, ки дигарбора аз пайдо шудани Ким Ҷон Ун хурсанд шудааст. Хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ гуфт, ки раҳбари кишвар дар маросими баҳрабардорӣ аз як корхонаи доруҳои минералӣ дар як вилоят ширкат кардааст. Сабаби ғайб задани Ким аз мазҳари ом, ки дар замони пандемияи коронавирус рост омад, маълум нест.