Вакилони порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонуни афви маҳбусонро бахшида ба 75-солагии Иди Ғалаба (пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ) ва 10-солагии Инқилоби апрелӣ қабул карданд.
Қонун аз маҳбас озод кардани мардоне, ки синнашон аз 60 гузаштааст, занони синнашон аз 55 боло, маъюбони гуруҳҳои 1-ум, 2-юм, ноновари хона ё шахсони дорои фарзанди маъюбро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин онҳое, ки ҷинояти сабук содир кардаанд, модарони серфарзанд ва танҳо, ноболиғон ва заноне, ки дар замони қабули қонуни мазкур 1 соли муҳлати ҷазояшон мондааст, озод хоҳанд шуд.
Бар асоси қонун, сеяки муҳлати содиркунандаҳои ҷинояти вазнин ва чоряки муҳлати ҷазои содиркунандаҳои ҷинояти махсусан вазнин кам карда хоҳад шуд.
Дар Хадамоти зиндонҳои Қирғизистон гуфтанд, ҷамъан беш аз 3 ҳазор кас афв хоҳанд шуд.