Сафорати Тоҷикистон дар Олмон бо нашри як эълон хабар додааст, ки тоҷикони бандмонда дар Олмон ба ватан оварда мешаванд. Сафорат бо муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтааст, имрӯз, 1-уми май ба самти Душанбе як парвоз анҷом мешавад ва таъкид кардааст, ки бояд дар зудтарин фурсат онҳо дар фурудгоҳи Франкфурт ҳозир шавад.
Дар эълони худ сафорати Тоҷикистон аз парвози ҳавопаймои "Сомон – Эйр" ба самти Душанбе-Франкфурт хабар дода, таъкид кардааст, ки имкон дорад ин ҳавопаймо дар роҳи бозгашт "мусофиронро аз Франкфурт ба Душанбе барад".
"Дар робита ба ин, аз нафароне ки ба Тоҷикистон баргаштанианд, изҳори хоҳиш мегардад, ки ба таври фаврӣ худи ҳамин рӯз, яъне 01 майи 2020 то соати 11:00 (ба вақти Олмон) худро ба фурудгоҳи Франкфурт расонанд",-омадааст дар хабари Сафорати Тоҷикистон дар Олмон.
Ба таъкиди сафорат, чиптаҳо мустақиман қабл аз парвоз дар худи фурудгоҳи Франкфурт фурӯхта мешаванд.
Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурӯдгоҳи байналмилаллии Душанбе рӯзи 1 уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои "Сомон Эйр" соати 8-и субҳ ба самти Франкфурт парвоз кард. Сухангӯи фурудгоҳ дар ин бора иттилои бештар надод, аммо бино ба хабарҳои дарёфтӣ, эҳтимол дорад ин парвоз бидуни мусофир анҷом шуда, дар роҳи бозгашт кӯмакҳои созмони UNDP ё барномаи Рушди СММ-ро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад.
Ин эҳтимол ҳам ҳам вуҷуд дорад, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон биёянд. Ҳавопаймо соати 12–и шаб ба вақти Душанбе бармегардад.
Парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Олмон ва эълони сафорати Тоҷикистон барои овардани тоҷикон ба ватан дар ҳолест, ки дар пайи баста шудани ҳарими ҳавоии Душанбе, бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус, даҳҳо мусофири тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Олмон, банд монданд. Беш аз як моҳ боз онҳо интизори парвоз ба Душанбе буданд.
Дар сӯҳбат бо Радиои Озоди чанде пеш тоҷикони бандмонда гуфта буданд, теъдоди онҳое, ки дар пайи қатъ шудани парвозҳо дар ин кишвари аврупоӣ мондаанд, ҳудуди 40 нафар аст.
Мусофирони бандмондаи тоҷик аз он шикоят мекарданд, ки дар вазъияти душвор қарор доранд.