Бемористони Ибни Сино мегӯяд, чанд кормандаш бемор шудаанд

Бемористони Ибни Сино дар Душанбе мегӯяд, чанд нафар аз кормандонаш ба бемории вогире, ки имруз дар кишвар паҳн шудааст, гирифтор шудаанд.

Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдулхалил Холиқзода рӯзи 30-юми апрел дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки чанд нафар аз кормандон дар ҳоли ҳозир зери муроқибат қарор доранд. Ӯ умедворӣ кардааст, ки онҳо ба зудӣ сиҳат ёбанд ва ба сари кор баргарданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Бемористони Ибни Сино хабар додаанд, ки ин шифохонаро барои қабули беморони уфунӣ омода месозанд. Масъулини ин бемористон гуфтанд, ният доранд то аввалҳои ҳафтаи оянда ҳамаи омодагиҳоро барои қабули беморони уфунӣ ба итмом расонанд ва агар Вазорати тандурустӣ лозим донад, ба қабули беморон оғоз намоянд.

Раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир бемористон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода буд, ки шуморе аз кормандони тиббӣ гирифтори илтиҳоби шуш шудаанд. Аммо баъдан ин вазорат бо ирсоли номае ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба хато роҳ дода, 136 корманди тибро иштибоҳан бемор навиштааст.