Наздикони Ёров ва Раҷаб аз вазъи маҳбусон изҳори нигаронӣ мекунанд

Яке аз маҳбасҳои Душанбе.

Пайвандони Бузургмеҳр Ёров, адвокати машҳури тоҷик ва Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Раёсати ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, вазъи онҳо дар шароити зиндон нигаронкунанда шудааст.

Ҷамшед Ёров, бародари вакили зиндонӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, Бузургмеҳр Ёров таб дорад ва рӯзи 29 апрел сардори маҳбас доруву дармонеро, ки наздикони Ёров барояш фиристода буданд, ба ӯ расондааст.

Шуҳрати Раҳматулло писари Раҳматуллои Раҷаб мегӯяд, шоми 29 апрел таби падараш аз марзи 39 гузашта, вазъаш ногувор аст. Вай хабар додааст, ки падараш ба қисми тиббии маҳбас гузаронда шудааст.

Ҳудуди бист зиндониро аз маҳбасҳои рақами 1-и Душанбе ва 2-и шаҳри Ваҳдат пас аз шикоят аз таби баланд ба карантин гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, ин афрод дарди гулӯ доранд, вале илтиҳоби шуш ё пневмония нестанд. Пештар бархе аз пайвандони зиндониён аз таби баланд доштани наздиконашон дар маҳбас хабар дода буданд.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, 27-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхисҳо нишон доданд, ки тақрибан бист маҳбус гулӯдард ҳастанд.

"Бештари инҳо рӯзадор будаанд ва оби хунук нӯшидаанд. Баъзе аз онҳоро бо паст шудани ҳарорат аллакай аз ҳолати карантинӣ ҷавоб додем", - шарҳ дод ӯ.

Ба қавли Умаров, ҳоло 6 маҳбус дар зиндони рақами 1 ва 8 тани дигар дар маҳбаси дувум дар шароити карантинӣ мондаанд.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои “таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент” 5 соли дигар изофа кард.

Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳеч гуноҳ накардааст ва парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад ва фақат барои ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин ҳизбро соли 2015 дар Тоҷикистон созмони террористӣ эълон карда ва фаъолияташро мамнӯъ намуданд. Бузургмеҳр Ёров аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард, ки яке аз онҳо Раҳматуллои Раҷаб аст.

Созмонҳои байнулмилал борҳо ба раҳоии ин ва дигар маҳбусоне, ки парвандашонро дорои ангезаи сиёсӣ меномад, даъват кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша гуфтаанд, ки ин афрод барои ҷурмҳои ҷиноӣ зиндонӣ шудаанд, на фаъолиятҳои сиёсӣ.