Бозори Алматоро баъди ҷамъоварии пули иҷора дубора бастанд. Тоҷирон эътироз доранд

Бозори "Барис-IV" дар шаҳри Алмато.

Ҳудуди 100 тоҷири бозори "Барис-IV"-и шаҳри Алматои Қазоқистон 28-уми апрел ба қарори маъмурияти худ ва мақомоти маҳаллӣ, ки бозорро дубора бастанд, эътироз намуданд.

Эътирозгарон, ки дар назди дарвозаи бозор ҷамъ шуда буданд, мегӯянд, мақомот баъди се ҳафтаи карантин иҷозат доданд, бозор дубора фаъолият кунад. Маъмурияти бозор низ рӯзи шанбе аз ҳамаи фурӯшандаҳо пули иҷораро ҷамъоварӣ кардааст, вале субҳи 28-уми апрел дарҳои бозорро мақомот дубора бастаанд.

Баъди таҷаммуи тоҷирон кормандони пулис ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, дар назди дарвозаҳои бозор муҳофиз гузоштанд.

Дар Қазоқистон аз моҳи марти соли равон ҳолати фавқулода эълом шуда, ахиран онро то 11-уми май тамдид карданд. Ба иттилои расмӣ, шумораи мубталоёни коронавирус дар кишвар ба беш аз 3 ҳазор расидааст.