Низоми ҳолати фавқулода дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод ва ноҳияи Ат-Башини вилояти Норини Қирғизистон тамдид шуд. Дар ин бора президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков хабар дод.
Аз маркази матбуотии президенти он кишвар гуфтанд, чунин тасмим баъди суханронии ноиб-сарвазир Қубодбек Боронов ва вазири тандурустии он кишвар Собирҷон Абдикаримов дар бораи вазъи кунунии паҳншавии вируси корона гирифта шуд. Ҳолати фавқулода то 10 май идома мекунад.
Ҳолати фавқулода дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод ва ноҳияҳои Ноокату Қара-Сууйи вилояти Ӯш ва ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод 25-уми март ҷорӣ шуда буд. Дар шаҳри Норин ва ноҳияи Ат-Башини вилояти Норин ҳолати фавқулода аз 15-уми апрел эълом шуд.