Русия содироти ғалладонаро муваққатан бозмедорад

Корхонаи орде дар Русия

Вазорати кишоварзии Русия рӯзи 26 апрел эълон кард, ки содироти ғалладонаро то 1 июл муваққатан бозмедорад. Тасмими мазкур бар хилофи ҳушдорҳои созмонҳои байналмилалӣ гирифта шуд, ки аз кишварҳо даъват кардаанд занҷираи таъмини маводи ғизоро дар марҳилаи пандемияи Ковид-19 халалдор накунанд. Вазорат гуфт, ки тасмими Русия ба интиқоли гандум, ҷуворимакка, ҷавдор, ҷав ва ҷав, ки омехтаи гандум ва ҷавдор мебошад, таъсир расонидааст. Дар изҳороти вазорат ҳеҷ ишорае ба пандемияи коронавирус карда намешавад, ки аз моҳи декабри пайдо шуданаш дар Чин то ҳол наздики 3 миллион аҳолиро дар 185 кишвари ҷаҳон асар кардааст. Таъмини захираҳои ғалла ба кишварҳои узви Иттиҳоди Авруосиё идома меёбад. Охири моҳи март раҳбарияти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ташкилоти ғизову кишоварзии СММ ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат бо нашри изҳороти муштарак ҳушдор доданд, ки таъсири тадбирҳои марбут ба пешгирии Ковид-19 ба захираҳои ғизову тиҷорати ҷаҳонӣ ва амнияти ғизо бояд минималӣ бошад.